ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар бинои Сафорат мулоқоти Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Маскав қарор дорад, бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия, баргузор гардид.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон, дар ин мулоқот намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё аз ҳисоби ҳамватанони муқими Русия иштирок доштанд.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба вежа, корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ, риояи талаботи қонунгузории Русия, тартиби ҳуҷчатгузорӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ табодули афкор сурат гирифт.
Вазири корҳои дохила аз намояндагони ташкилоту ҷамъиятҳо барои тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо бо ҳамватанон, инчунин - тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирӣ аз амалҳои номатлуб даъват кард.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар мулоқоти мазкур ҳамзамон кормандони Сафорат, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар Русия, инчунин намояндагони намояндагиҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон дар кишвари иқомат иштирок доштанд.