ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тими миллии олимпии Тоҷикистон омодагиро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё – 2024 шурӯъ кард, иттилоъ додааст сомонаи "Варзиш".
Ба иттилои манбаъ, Мубин Эргашев сармураббии дастаи мунтахаби олимпии кишвар, ба ҷамъомади тамринии Душанбе 27 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст.
Дархости ниҳоии даста барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 23 бозигарро дар бар хоҳад гирифт.
Бояд қайд кард, ки ба мунтахаби олимпии Тоҷикистон панҷ футболбози дастаи “Истиқлол” даъват шудааст.
Дарвозабон - Муҳриддин Ҳасанов,
Ҳимоятгарон - Алиҷон Кароматуллозода, Содиқҷон Қурбонов
Нимҳимоятгарон - Амадонӣ Камолов, Алиҷони Айнӣ
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи "I" бо дастаҳои Лаос (9 сентябр) ва Австралия (12 сентябр) рақобат мекунад. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.