ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон як комиссияи вижа барои арзёбии хисорот пас аз боришоти шадид таъсис шудааст.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ин комиссия, ҳамчунин, раванди рафъи харобиҳо ва расонидани кӯмак ба осебдидагони офатҳои табииро ташкил хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, ин гурӯҳро Матлубахон Сатториён, муовини нахуствазири Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.
"Комиссияи вижа аллакай аз ҷамоати деҳоти осебдидаи шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Варзоб дидан кардааст", - афзуд манбаъ.
Дар ҳоли ҳозир ин гурӯҳ якҷо бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба манзилҳои сокинони маҳаллӣ рафта, кумак ва муайян кардани хисоротро анҷом медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 27 август дар ноҳияи Тоҷикобод бар асари боришоти шадид дар километри 194-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш-Саритош, ки аз ҳудуди деҳаи Ғуломони Лангаришоҳ мегузарад, сел фаромад.
Дар километри 2, 3, 4 ва 18-уми шоҳроҳи Лаби Ҷар – маркази ноҳияи Сангвор ва километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар минтақаи Варзоб низ зери об мондааст.
Ғайр аз ин 5 пули маҳаллӣ, роҳҳои байни маҳаллаҳои аҳолинишин ва иншоотҳои муҳофизатӣ зарар диданд.
Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса комиссияи вижа кор карда, ҳаҷми хисоротро арзёбӣ мекунанд.