ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Сарпарсати ҷиргаҳои вазорати сарҳаддот, ақвом ва қабоили ҳукумати толибон* Абдухалили Обидӣ дар як нишасти мардумӣ дар вилоят Парвон гуфт, ки ҳукумати феълӣ ба расмият шинохтани ҳеҷ касе зарурат надорад, иттилоъ додааст “Радио дарӣ”.
“Ба расмияти ҳеҷ касе зарурат нест. Худованди худаш ин мулкро ҷур мекунад. Дар низомҳо, ки то ва боло мешавад иродаи худованд дар онаст”, - гуфт Обидӣ
Ин мақоми толибон* ҳамчунин гуфт то замоне, ки мардуми Афғонистон дар пешрафту тавсеаи кишвар талош накунанд, кишварҳои ҷаҳон дар тавсеаи Афғонистон нақши созандае ифо намекунанд.
Изҳороти Абдухалили Обидӣ дар ҳолест, ки мақомдорони дигари ҳукумати толибон* барои шиносои расмии ҳукумати худ дар ҷаҳон талош мекунанд.
Бо вуҷуди гузашти ду сол аз рӯй кор омадани гурӯҳи толибон* дар Афғонистон, ҳанӯз ҳеҷ як аз кишварҳои ҷаҳони ҳозир нашудааст ҳукумати ононро ба унвони ҳукумати расмии Афғонистон ба расмият бишносад.
Муҳимтарин хостаи ҷаҳон аз толибон ташкили ҳукумати фарогир, эҳтиром ба ҳуқуқи шаҳрвандон аз ҷумлаи шиносои ҳақи кори занону таҳсили духтарон Афғонистон аст.
*-созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад