Изҳори ҳамдардии Бердимуҳаммадов ба Раҳмон

Раҳбари Туркманистон ба раисҷумҳури Тоҷикистон вобаста ба офати тибиӣ, ки дар он 17 нафар ба ҳалокат расидааст изҳори ҳамдардӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиие, ки дар кишвар боиси талафоти ҷониву харобиҳои зиёд гардид, баёнияи изҳори тассаллӣ ирсол кардааст.
Дар ин бора расонаҳои расмии Туркманистон хабар доданд.
Раҳбари Туркманистон аз номи мардум ва ҳукумати кишвараш ва шахсан аз номи худаш ба мақомоти Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст.
“Дар ин лаҳзаи сангин ба тамоми аҳли оила ва наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ мекунам ва хоҳони шифои комили ҳарчи зудтар бе захмбардоштагону мебошам”, - навиштааст раҳбари Туркманистон.
Ёдовар мешавем, ки шоми 27 август дар ноҳияи Тоҷикобод бар асари боришоти шадид дар километри 194-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш-Саритош, ки аз ҳудуди деҳаи Ғуломони Лангаришоҳ мегузарад, сел фаромад.
Мақомоти Тоҷикистон барои арзёбии хисороти селхезӣ комиссияи вижа таъсис доданд
Дар километри 2, 3, 4 ва 18-уми шоҳроҳи Лаби Ҷар – маркази ноҳияи Сангвор ва километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар минтақаи Варзоб низ зери об мондааст.
Ғайр аз ин 5 пули маҳаллӣ, роҳҳои байни маҳаллаҳои аҳолинишин ва иншоотҳои муҳофизатӣ зарар диданд.
Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса комиссияи вижа кор карда, ҳаҷми хисоротро арзёбӣ мекунанд.
Ҳамзамон теъдоди ҳалокшудагон аз селхезиҳои шаби 27 ба 28 дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.
Наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон ҷасади чаҳор нафар, аз ҷумла 3 зан ва 1 марди дигарро аз даруни лойобҳо дар шаҳри Ваҳдат пайдо кардаанд.
Ҳамин тариқ, теъдоди фавтидагон дар ин офати табиӣ бо 13 тани аввала ба 17 нафар расид.