Яккачини наврасони Тоҷикистон барандаи қаҳрамонии CAFA-2023 шуд

Дар пайи ҷамбасти қаҳрамонии CAFA-2023 ҷоизаи "Fair Play" ба тими миллии Тоҷикистон ва ҷоизаи махсус ба дастаи мунтахаби Эрон супурда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон барандаи мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни бозигарони то 17-сола гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар зинаи дуюм ва соҳиби медали нуқра гардид ва тими Афғонистон нишони биринҷиро соҳиб шуд..
Дар пайи мусобиқа ҷоизаи "Fair Play" ба тими Тоҷикистон ва ҷоизаи махсус ба тими Эрон супурда шуд.
Беҳтарин нишонзани мусобиқот бозигари мунтахаби Ӯзбекистон Нурбек Сарсенбоев (3 гол) гардид.
Ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон Муҳаммад Назриев бошад, боманфиаттарин бозигари чемпионати CAFA-2023 эътироф карда шуд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамсолони худ аз Ӯзбекистонро шикаст доданд
Мусобиқа аз 21 то 27 август дар Ҳисор баргузор шуд вадар он панҷ тими наврасон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон ширкат карданд.
Наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур чаҳор бозӣ анҷом дода, 9 имтиёз ба даст овард.
Онҳо нахуст бар Қирғизистон (4:1), баъдан бар Афғонистон (3:1) ва бар даври сеюм бар Ӯзбекистон (2:0) пирӯз шуданд.
Вале дар бозии ниҳоӣ аз мунтахаби Эрон (0:1) мағуб шуданд, аммо ин барои қаҳрамон шудани мунтахаби Тоҷикистон таъсире надошт, зеро шогирдони Далер Каёсов дар садри ҷадвал бо имтиёзҳои аз ҳама боло қарор доштанд.