СААД ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ дорад

Ҳамоҳангсозии асноди Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар мавриди таҷҳизонидани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар арафаи анҷомёбист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Муҷаҳҳазгардонии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҷониби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳоли баррасист.
Ин нуктаро сардори ситоди муштараки СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни нишасти хабарӣ баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамоҳангсозии асноди СААД миёни кишварҳои узви созмон, дар бораи муҷаҳҳазсозии марзи ҷанубӣ дар арафаи анҷомёбист.
"Масъалаи муҷаҳҳазсозии қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуда, аснод тақрибан то ба охир мувофиқа шудааст. Вақте ки қарор қабул мешавад, итминон дорам, ки корҳо зудтар амалӣ хоҳанд шуд", - гуфт генерал.
СААД бартарафсозии оқибати садамаи ҳастаиро тамрин мекунанд
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак доранд, ки 60%-и сарҳадоти кишварҳои Осиёи Миёна бо ин ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Қисми зиёди сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон аз мавзеъҳои мураккаби ҷуғрофӣ мегузарад.
Қаблан Сидоров таъкид намуда буд, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба иғвогарӣ дар марзҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад.
Сидоров таъкид намуда буд, ки дар сурати таҳдиди воқеӣ аз Афғонистон, СААД омода аст, ки дар зарфи 12 соат посухи қатъӣ ба ҳамлагарон диҳад.