ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Кишварҳои узви СПАД омодагиҳо ба тамринҳои муштаракро анҷом доданд.
Дар ин бора раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Анатолий Сидоров дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ба размоишҳои муштарак ва вижаи кишварҳои узви ин созмон то 3,7 ҳазор нафар ҷалб карда мешаванд. Беш аз 2,5 ҳазор нафар низомиён, дар тамринҳои низомӣ дар Беларус ширкат кунанд.
Илова бар ин, дар тамринҳо то 700 намуди аслиҳа, техникаҳои низомӣ ва махсус дар марҳилаҳои гуногун ва беш аз 500 намуд дар машқҳо дар қаламрави Беларус истифода мешаванд.
Чорабиниҳои барои интиқоли нерӯҳо ба минтақаҳои баргузории машқҳо аз 25 август, чорабиниҳои ниҳоӣ дар Белорус 6 сентябр ва 13 октябр бошад дар Қирғизистон баргузор мешаванд.
Низомиён ва техника ба размоишгоҳҳо тавассути ҳавопаймоҳо, қаторҳо ва наклиёти автомобилӣ интиқол дода мешаванд.
Оқои Сидоров изҳори умедворӣ кард, ки машқҳо муташаккилона ва бо сифати баланд гузаронида шуда, ҳадафҳои омӯзишиву тадқиқот ба мақсад мерасанд ва нерӯҳои СПАД маҳорати хуби саҳроӣ ва ҳамоҳангӣ нишон хоҳанд дод.