ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабари музокиот бо гурӯҳи толибонро рад кард.
Як манбаъ аз ҷабаҳи муқовимат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷабҳа ҳеҷ як ҳайаташро барои музокирот бо толибон* нафиристодааст ва аз тарафи Аҳмади Масъуд раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳеҷ тавофуқ барои оташбас бо ҳукумати Толибон нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки дар пайи як музокирот ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо Толибон ду тараф ба таври мувақат бар парҳез аз даргирии низомӣ тавофуқ карданд.
Гуфта шуда буд, ки дар ин нишаст толибон* бо нмояндагии як ҳайати шашнафара бо раҳбарии Муҳаммадмуҳсини Шоҳимӣ муовини бахши иттилоъот, ки як ҳайати 12 нафарии тарафдорони Аҳмади Масъуд ба раҳбарии Муҳаммадалмоси Зоҳид гуфтугӯ карданд.
Толибон* иддао доранд, ки дар ин музокирот хоҳони ҳалли масъалаи Панҷшер шуданд, аммо неруҳои мухолиф ба раҳбарии Аҳмади Масъуд мехоҳанд, ки дар бораи сохтори низоми оянда бо Толибон гуфтугу кунанд.
Дар ин замина Аҳмади Масъуд пештар гуфта буд, ки агар ҳукумати фарогир ва мавриди қабули барои тамоми тарафҳо дар Афғонистон ташкил нашавад ин кишвар ба лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ мунзави хоҳад шуд.
* - созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.