Эрон, Саудӣ, Чин ва Муғулистон ба размоиши СААД даъват шудаанд

Тамринҳои қариб якҳафтаина аввали сентябр ба нақша гирифта шуда, воҳидҳои низомии Тоҷикистон аллакай барои иштирок дар онҳо вориди Белорус гардидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Намояндагони Арабистони Саудӣ, Эрон, Чин ва Муғулистон ба ҳайси нозир ба машқҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба Белорус даъват шудаанд.
Дар ин бора сардори ситоди муштараки СААД, Анатолий Сидоров зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
"Намояндагони давлатҳое, ки узви СААД нестанд - Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Чин ва Муғулистон ба ҳайси нозирон ба размоишҳо дар Белорус даъват шудаанд", - гуфт ӯ.
СААД бартарафсозии оқибати садамаи ҳастаиро тамрин мекунанд
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир кишварҳои СААД дар мавриди даъвати нозирон ба тамринҳои "Бародарии бегазанд" дар қаламрави Қирғизистон корҳои мувофиқасозиро анҷом дода истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз 6 давлат – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иборат мебошад.
Нерӯҳои низомии Тоҷикистон барои иштирок дар тамринҳои "Бародарии ҷангӣ-2023" вориди Белорус шуда, дар пойгоҳи 61-ум дар Баранович ҷой гирифтаанд.
Размоиши "Бародарии ҷангӣ - 2023" дар қаламрави Беларус аз 1 то 6 сентябр баргузор мешавад.