ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ахиран гуфтугӯи маҷозии муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ва раиси донишгоҳи улумпизишкии Шероз сурат гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ниасти маҷози ки бо ҳузури раиси донишгоҳи улумпизишкии Шероз ва муовини вазири тандурустии Тоҷикистон баргузор шуд тарафайн дар хусуси рушди ҳамкориҳои муштарак дар бахши омузиш, беҳдошт ва дармон табодули назар карданд.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар ин нишаст муқарар шуд бо ташкили коргурӯҳи ҳамкории дуҷониба байни муовинати байналмилалии донишгоҳи улумпизишкии Шероз ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон нисбат ба густариши ҳамкориҳои омузишӣ ва пажуҳишӣ ба сурати амалиёти ҳамоҳанги лозим анҷом шавад.
Раисони марозики бузурги дармони ва раиси донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон аз дигар суханронони ин нишасти маҷозӣ буданд, ки тамоюли худро барои густариши беш аз пеши ҳамкориҳои омузишӣ, беҳдошти ва дармонӣ ба донишгоҳи улумпизишкии Шероз эълом карданд.