ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ҷудокори бомаҳорати тоҷик Ёсин Бобокалонов медали биринҷии Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон, ки дар Хорватия идома дорад, ба даст овард.
Барои расидан ба ин зина Бобокалонов нахуст дар даври аввал варзишгари Тайпей Минг Йен-Лай, дар даври дуюм паҳлавони бразилӣ Бруно Нобрега, дар чорякфинал варзишгари укараинӣ Данило Кравченкоро мағлуб карда.
Аммо паҳлавони тоҷик ҳарчанд талош кард, аммо дар нимфинал аз варзишгари Исроил Итсхак Ашпиз шикаст хурда, барои дарёфти медали биринҷӣ рақобатро бо варзишгари Руминия Тудор Мосой бурд ва соҳиби медал гардид.
Маврид ба зикр аст, ки ин сеюмин медали мунтахаби наврасон дар таърихи ҷудои кишвар мебошад.
Қаблан паҳлавонони кишвар Ҷамолиддин Абдуллоев ва Хуршед Маҷидов чунин натиҷаро ба даст оварда буданд.
Ҳамчунин паҳлавони дигари кишвар Лоиқов Муҳаммадин низ дар вазни 66кг ҳунарнамоии хуб кард, аммо ҷои ҳафтумро гирифт.
Ӯ нахуст варзишкори суисӣ Александр Марлов ва кипрӣ Лаковос Кураулро шикаст дод, вале дар чорякфинал аз варзишгари Гурҷистон Георги Дурайдзе ва дар рақобати тасаллобахш аз Антонио Роча мағлуб гардид.
Ягона номзади Тоҷикистон миёни духтарон Мадина Қурбонзода буд, ки дар вазни 48 кг вориди сабқат шуд ва маҳорати хуб нишон дод.
Аммо дар даври дуюми рақобат довар бо сабаби номаълум ғалабаро бар ҳарифаш дод ва ӯ аз идомаи сабқат маҳрум гардид.
Ҳамакнун охирин намояндаи кишвар Аминҷон Абдуҷалилзлода дар вазни то 73 кг имрӯз 25 август вориди сабқат мешавад.
Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни наврасон 2023 аз 23 август оғоз шуд то фардо 26-ум дар шаҳри Загреби Хорватия давом мекунад.
Мусобиқа дар доираи мусобиқоти сайри ҷахонии ҷудо доир шуда, ғолибон бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ ва барои беҳтар кардани мавқеяшон дар радабандии ҷаҳонии ҷудо имтиёз ба даст хоҳанд овард.