ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Рӯзи шанбе дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон доир мегардад, иттилоъ додааст вазорати кишоварзӣ.
Ба иттилои манбаъ, намоиши ноҳияи Айнӣ дар "Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ", ноҳияи Лахш - дар "Боғи Куруши Кабир", ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ - дар Боғи "Низомиддин Алишери Навоӣ" ва ноҳияи Фархор - дар "Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ" баргузор мешавад.
“Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 баргузор мешавад”,- қайд кардааст манбаъ.
Дар ин намоишгоҳҳо деҳқонони шаҳру ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳод мешавад.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.