Захарова: Дасисаҳои Ғарб нисбати нишасти БРИКС кор надоданд

"Омили ҳушёркунанда"- чунин баҳо дод амалҳои кишварҳои ғарбро дар мавриди тавофуқи ғалла, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ҳилла ва "дасисаҳои бисёрмоҳаи" Ғарб бо мақсади халал расонидан ба баргузории нишасти сарони БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, ЧИН, ҶАҶ) кор надоданд.
Дар ин бора намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар барномаи "Болшая игра" дар Шабакаи якуми телевизионии кишвар изҳор дошт.
"Нишасти БРИКС баргузор гардида истодааст - сарфи назар аз ҳар гуна дасисаҳо, ки онҳо хеле зиёд буданд, сарфи назар аз фитнаҳову макрҳое, ки Вашингтон ва Лондон барои вайрон кардани ин чорабинӣ сохтанду бофтанд. Сарфи назар аз кӯшиши қасри Елисей барои бо ҳар васила мудохила намудану "аз нав буридан" ва имкон надодан ба кишварҳои гуногуни дорои иқтисоди воқеӣ, на пулҳои дамшуда, ба давлатҳое бо одамони меҳнатдӯсти маҳсулоти воқеӣ эҷод мекарда. Ба кишварҳое, ки ҷамъ омада буданд, то муҳокима намоянд, ки чӣ гуна сайёраро аз найрангҳои нопок ҳифз намоянд. Ҳамаи ин макрҳо кор надоданд ва минбаъд ҳам кор нахоҳанд дод," - гуфт ӯ.
Дипломат қайд намуд, ки "омили ташвишовар" дар муносибати амалҳои Ғарб барои тамоми ҷаҳон - вазъият атрофи созишномаи ғалла шуд.
БРИКС бо касе рақобат намекунад: нуқоти муҳиме, ки Путин дар нишасти "панҷгона" гуфт
"Ба андешаи ман <...> омили хеле муҳим дар хазинаи ҳушёрии ҷаҳонӣ созишномаи ғалла шуд ва чизе, ки ИМА, Брюссел ва ғайра бо он анҷом доданд. Он ҳангомаву моҷарое, ки бо шиори "ба кишварҳои камбизоат, пеш аз ҳама ба Африқо кӯмак мерасонем", ки тобистони соли 2022 оғоз ёфта буду фақат ба василаи сарватмандшавии ширкатҳои ғарбӣ табдил ёфт", - таъкид кард хонум Захарова.
Захарова хулоса кард, ки созишномаи ғалла - яке аз омилҳои хеле муҳиме буданд, ки ба кишварҳои мухталифи қитъаҳои гуногун имкон доданд, бубинанд - тӯли якуним сол чӣ рӯй дода истодааст ва бори дигар андеша ронанду дарк намоянд, ки фитнагар дар дохил кист.