ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент 3 сентябри соли равон дуюмин ниммарафони кушоди кӯҳӣ баргузор мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Панҷакент.
“Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент бо ибтикори ҳукумати шаҳри Панҷакент, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Федератсияи варзиши сабуки кишвар ва ширкати сайёҳии “Сайри Бӯстон” дуюмин ниммарафони кушоди кӯҳӣ баргузор мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Иттилоъ дода шудааст, ки масофаи ниммарафон 21 километру 97метр муқаррар шуда, дар он иштироки варзишгарон аз ҳама манотиқи мамлакат ва кишварҳои хориҷа пешбинӣ шудааст.
Инчунин манбаъ хабар додааст, ки барои ғолибони ниммарафон аз 500 то 5000 сомонӣ мукофотҳои пулӣ пешбинӣ гардидааст.
Мақсад аз чорабинии мазкур таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии варзиш, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ мебошад.