ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳалокати ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи 22 августи соли 2023 дар ноҳияи Мичурински вилояти Тамбови ин кишвар бар асари як садамаи мудҳиши нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, хабар дод.
Тавре дафтари матбуоти сафорат хабар додааст, ҳамчунин бар асари ин ҳодисаи нохуш 3 нафар зодагони дигари Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар ҳоли ҳозир нафароне, ки дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштанд, дар бемористони маҳаллӣ бистарӣ гардиданд.
Сафорат вобаста ба ин ҳодиса ҳамдардии худро ба наздикони фавтидагон изҳор намудааст ва қайд кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони минтақаи болозикр ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва осебдидагон кӯмакҳои зарурӣ мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки рӯзи 22-уми августи соли 2023 як садамаи маргбор дар шоҳроҳи 384 Р-22 рух дод,ки дар он 4 нафар, аз ҷумла як зан ҷони худро аз даст додааст.
Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар вилояти Тамбов хабар дода буд, ки дар ин ҳодисаи маргбор 5 нафар, аз ҷумла 3 зан ва 2 марди дигар аз мусофирон захмӣ шуда, ба бемористони маҳаллӣ интиқол дода шудаанд.
Мақомоти Русия тибқи таҳқиқоти пешакӣ эълон кардаанд, ки сабабгори асосии ин садамаи маргбор ронандаи худрави “ЛАДА 217130” будааст, ки ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, дар натиҷа бо худрави "LADA GRANTA" бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин фоҷеаи маргбор ҳар ду нафар аз ронандаҳо ва ду нафар аз мусофирони онҳо низ ҷони худро аз даст доданд.