ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Рӯзи охирини кори нишасти сарони кишварҳои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, ҶАҶ) бо ҷаласаи якҷояи роҳбарон ва сарони ҳукуматҳои 46 кишвари Ҷануби бузург пурсамар буд.
"Мо боварӣ дорем, ки БРИКС ва шарикони ӯ муайянкунандаи рушди Африқо ва Ҷануби бузург мебошанд, ки барои иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири бевоита доранд", - изҳор дошт президенти Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамапоса, ки ҷаласаро раисӣ дошт.
Вай гуфт, мо ният дорем шароитеро фароҳам созем, ки Ҷануби бузург аз тиҷорат ва сармоягузории ҷаҳонӣ манфиат гирад ва бидуни ин зиндагии халқамонроро беҳтар намудан ғайриимкон аст. Ва мо бояд аз тамоми захираҳо истифода барем, то вазъи ҳамаи кишварҳои Ҷануби бузургро беҳтар созем.
Рамапоса таъкид кард, ки Африқо ҳоло ба БРИКС муроҷиат дорад, то рушди худро дар асосҳои нав таъмин кунад, ноадолатии низоми молиявии ҷаҳонро ислоҳ кунад ва мавқеи асъори кишварҳои БРИКС-ро мустаҳкам намояд.
"Барои тиҷорати Ҷануби бузург шароити одилона фароҳам овардан лозим аст. Давлатҳои Ҷануби бузург то ҳол аз рушди иқтисоди ҷаҳонӣ манфиат намебинанд. БРИКС қодир аст ин вазъро ислоҳ кунад ва ба ислоҳоти институтҳои ҷаҳонӣ такони нав бахшад ва мо бояд аз ҳамбастагӣ ба ҳамкории мутақобилан судманд гузарем", - қайд кард президенти Африқои ҷанубӣ.
Президенти Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ зикр намуд, ки дар нишасти кунунии сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои БРИКС қарор қабул карда шуд ,ки шумори кишварҳои узви иттиҳодия зиёд карда шавад.
"Мо шаш узви нави БРИКС-ро истиқбол мекунем" гуфт Рамапоса. "Аммо набояд фаромӯш кард, ки тавсеаи кунунӣ танҳо марҳилаи аввал аст ва минбаъд низ афзоиши теъдоди кишварҳои БРИКС одома хоҳад ёфт."
Дар рӯзномаи маҷлис, ки дар шакли "БРИКС - Африка" ва "Муколамаи "БРИКС плюс" баргузор шуд, қайд гардид, ки масъалаҳо дар бунёди шарикии мутақобилан судманди БРИКС ва Ҷануби бузург дар ҷаҳони бисерқутбӣ ҷой доранд. Ҳамкории БРИКС бо кишварҳои Африқо бошад ҷойгоҳи махсус дорад.
Ташаббускори даъвати сарони кишварҳои Ҷануби бузург ба майдони БРИКС президенти Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ буд. Тавре ки шабакаи радиоии маҳаллии SABC қайд намуд, Африқои ҷанубӣ мекӯшад мавқеи Ҷануби бузургро муттаҳид намояд ва бо роҳбарии БРИКС ислоҳоти куллиро ба рӯзномаи маҷмааи муносибатҳои байналмилалӣ ворид созад.
Хотиррасон менамоем, ки Русияро дар ин чорабиниимуҳими байналхалқӣ вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров ҳузурӣ намояндагӣ намуд. Президенти Русия Владимир Путин бошад дар ин нишаст иштироки он-лайнӣ дошт.
Президент Путин дар баромадаш аз идеяи таъсиси пули БРИКС пуштибонӣ намуд. Ва ҳамзамон, қайд намуд, ки “БРИКС бо касе рақобат намекунад”. Сарвари Русия қайд кард, ки созмон инчунин ҷонибдори ҳифзи гуногунии марзҳои фарҳангии миллӣ ва имкони татбиқи моделҳои гуногуни рушд мебошад.
Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳор дошт, ки як қатор кишварҳо бешармона миллатгароиро сафеду тарғиб месозанд, бегонаситезӣ, ифротгароиро ба миён меоранду ба терроризм мусоидат мекунанд. Илова бар ин, Путин гуфт, ки мухолифони БРИКС талош доранд, низоми ҳуқуқи байналмилалиро бо қоидаҳои худ иваз кунанд.
Ба гуфтаи вай, онҳо ин корро бо ҳадафҳои ғаразнок ва “тағйир додани мувофиқат ба вазъи кунунии сиёсӣ” мекунанд.
"Ҳар вақт ва ҳар чӣ ки шумо мехоҳед, мувофиқи манфиатҳои кишварҳои алоҳида. Аслан, ин ҳамон мустамликадорӣ аст, танҳо дар бастаи нав", - таъкид кард Путин.
Раҳбари Русия ҳамчунин гуфт, Маскав ҳама корро мекунад, то аз бӯҳрони ғизоӣ дар Африқо ва ҷаҳон ҷилавгирӣ кунад.
Дар ҷараёни нишасти сарони кишварҳои БРИКС тасмим гирифта шуд, ки 6 узви нав - Аргентина, Миср, Эфиопия, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабро ба ин созмон даъват кунанд.
Зикр гардид, ки узвияти ин кишварҳо ба БРИКС аз 1 январи соли 2024 расмӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки нишасти нахустини сарони кишварҳои БРИКС моҳи июни соли 2009 дар Екатеренбуррг (Русия) баргузор шуда буд. Аз ин пас нишастҳои БРИКС ҳамасола дар қаламрави яке аз кишварҳои аъзо баргузор мегарданд.
Бар замми ин, мунтазам мулоқотҳои кории вазирони корҳои хориҷа, вазирони молия, тандурустӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, котибони шӯроҳои амнтятӣ баргузор мегарданд.
Аз соли 2015 инҷониб ҳамоишҳои шаҳрвандӣ, парлумонӣ, ҳамоишҳои ҷавонон ва ҳамоишҳо бо иштироки ВАО-и аъзои кишварҳои БРИКС баргузор мегарданд. Дар баробари 6 аъзои нав, беш аз 15 давлати дунё имрӯз хоҳиши аъзогӣ ба БРИКС-ро дорад.
Тибқи маълумоти Bloomberg, дар солҳои охир ҳаҷми савдо байни кишварҳои БРИКС ба 422 млрд доллар расидааст. Байни лоиҳаҳои воқеии ин созмон – ташкили Банки нави рушди БРИКС мебошад (қароргоҳаш дар Шанхай, Чин).
Ҳаҷми молиявии саҳҳомии ин Банк 100 млрд долларро ташкил медиҳад ва барои маблағгузории зерсохторҳо ва рушди устувор дар давлатҳои аъзои БРИКС пешбинӣ шудааст.
Воқеан, роҳи ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ тахту ҳамвор набуд. Чуноне, ки намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷаи Русия Мария Захарова дар барномаи телевизионии “Болшая игра”-и шабакаи якуми телевизиони ин кишвар гуфт, ҳилла ва "дасисаҳои бисёрмоҳаи" Ғарб бо мақсади халал расонидан ба баргузории нишасти сарони БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, ЧИН, ҶАҶ) кор надоданд.
"Нишасти БРИКС баргузор гардида истодааст - сарфи назар аз ҳар гуна дасисаҳо, ки онҳо хеле зиёд буданд, сарфи назар аз фитнаҳову макрҳое, ки Вашингтон ва Лондон барои вайрон кардани ин чорабинӣ сохтанду бофтанд. Сарфи назар аз кӯшиши қасри Елисей барои бо ҳар васила мудохила намудану "аз нав буридан" ва имкон надодан ба кишварҳои гуногуни дорои иқтисоди воқеӣ, на пулҳои дамшуда, ба давлатҳое бо одамони меҳнатдӯсти маҳсулоти воқеӣ эҷод мекарда. Ба кишварҳое, ки ҷамъ омада буданд, то муҳокима намоянд, ки чӣ гуна сайёраро аз найрангҳои нопок ҳифз намоянд. Ҳамаи ин макрҳо кор надоданд ва минбаъд ҳам кор нахоҳанд дод," - гуфт Захарова.
"Ба андешаи ман <...> омили хеле муҳим дар хазинаи ҳушёрии ҷаҳонӣ созишномаи ғалла шуд ва чизе, ки ИМА, Брюссел ва ғайра бо он анҷом доданд. Он ҳангомаву моҷарое, ки бо шиори "ба кишварҳои камбизоат, пеш аз ҳама ба Африқо кӯмак мерасонем", ки тобистони соли 2022 оғоз ёфта буду фақат ба василаи сарватмандшавии ширкатҳои ғарбӣ табдил ёфт", - таъкид кард хонум Захарова.
Захарова хулоса кард, ки созишномаи ғалла - яке аз омилҳои хеле муҳиме буданд, ки ба кишварҳои мухталифи қитъаҳои гуногун имкон доданд, бубинанд - тӯли якуним сол чӣ рӯй дода истодааст ва бори дигар андеша ронанду дарк намоянд, ки фитнагар дар дохил кист.