ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ин масъала дар ҷаласа мақомоти шаҳри Панҷакент бо иштироки мутахассисони Ҷамоатҳоти деҳот ва имом-хатибони масҷидҳои панҷвақтаи шаҳр мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ин ҷаласа муовини раиси шаҳр Санъат Тоҳирзода дар оғоз ҳозиринро бо муҳтавои пешниҳоди прокурори шаҳр дар бораи риояи талаботи Қонун ”Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шинос намуд.
Сипас таъкид кард, ки дар иҷрои ин қонун, аз ҷумла, ба хидмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонон ходимони дин низ бо истифода аз минбари масоҷид, сӯҳбат бо намозгузорон метавонанд саҳмгузор бошанд.
“Барои пешгирии гароиши ҷавонон ба ақоиди ифротӣ, талқини мазҳаби таҳамулгарои Имоми Аъзам, ки дӯст доштану хидмат кардан ба Ватанро ҷузъе аз имондорӣ меҳисобад, талош варзанд”, - таъкид кардааст мақомдорон.
Ҳамчунин мақомот дар ин дидор рафти иҷрои Қонунҳои Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар кишварро баррасӣ карданд.
Дар ҷаласа таваҷҷӯҳи ҳозирин ба ҳодисаҳои риоя нашудани муқаррароти Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” ҷалб карда, аз онҳо талаб карда шуд, ки дар ин масъала бетарафӣ зоҳир нанамоянд.