Ба БРИКС шаш кишвари нав пазируфта мешавад: кадомҳо?

Қарор дар бораи вуруди 6 давлати нав ба ҳайати созмон дар нишасти сарони он қабул шуда, узвияти онҳо аз 1 январи соли 2024 расмӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Кишварҳои узви БРИКС тасмим гирифтанд, ки 6 узви навро ба ин созмон даъват кунанд.
Дар ин бора президенти Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса зимни суханронӣ дар нишасти БРИКС хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳод ба Аргентина, Миср, Эфиопия, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб равона шудааст.
Сарвари Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ шарҳ дод, ки узвияти ин кишварҳо аз 1 январи соли 2024 расмӣ мешавад.
БРИКС бо касе рақобат намекунад: нуқоти муҳиме, ки Путин дар нишасти "панҷгона" гуфт
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, натиҷаи тавофуқ дар ҳама мавқеъҳо, аз ҷумла мавқеъҳои марбут ба тавсеаи БРИКС маҳз ба Сирил Рамафос тааллуқ дорад.
Иштирокчиёни ҳамоиш дар баробари баррасии тавсеъа, ба масоили мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъмини сулҳу амният ва мусоидат ба равобити одилонаи байналмилалӣ таваҷҷӯҳ карданд.
Нишасти намояндагони кишварҳои узви БРИКС аз 22 то 24 август дар Йоханнесбург баргузор мешавад.
Дар ин ҳамоиш аз Русия Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҳузур дорад. Раҳбари Русия дар ин чорабинӣ онлайнӣ ширкат мекунад.