ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин ба арзиши беш аз 400 миллион доллар созишномаҳои ҳамкорӣ бастаанд.
Маросими баимзорасии созишҳо дар ҳошияи сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба Чин сурат гирифтааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти МНМОТ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, калонтарин созишномаро ширкати "Осиё Кемикал"-и ҷумҳурӣ, ки ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ сари кор дорад, ба даст овардааст.
Ҳамин тариқ созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Азот"-и Тоҷикистон, ки моликаш "Осиё Кемикал" ва ширкати "Рунҷонг Холдинг Групп"-и чинӣ барои навсозӣ ба имзо расидааст.
Маблағи шартнома 50 млн доллар буда, дар доираи он қарор аст дар як сол расонидани истеҳсоли карбамид дар "Азот" то ба 180 ҳазор тонна расонида шавад.
Ҳамчунин, миёни "Осиё Кемикал"-и ва ширкати "Рунҷонг Холдинг Групп" оид ба сохтмони корхонаи нав оид ба истеҳсоли карбамид дар Тоҷикистон бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол, созишнома имзо шудааст.
Маблағи ин тарҳ 300 млн доллар арзёббӣ мешавад.
Инчунин ҶДММ "Авесто Гурӯҳ"-и Тоҷикистон барои бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар кишвар бо ширкати "Джинчуен"-и Чин шарнома бастааст.
Маблағи шартнома 25 млн доллар буда, дар пайи амалисозии он қарор аст солона дар Тоҷикистон 1500 худрави барқӣ истеҳсол шавад.
Корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодаи маркази логистикӣ дар ҳудуди ҷумҳуриро қарор аст ширкати "Таҷонг Интерпрайс Менеҷмент Консалтинг Co. Ltd." сармоягузорӣ кунад.
Бо ин мақсад ҶДММ "Мармарӣ"-и Тоҷикистон бо он ба арзиши 26 млн доллар шартнома бастааст.