Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Патрушев ошкор кард, ки ғалабаи Русия ба ҷаҳон чӣ хоҳад дод

Дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия бар ин назар аст, ки пирӯзӣ дар амалиёти вижа тағйироти куллиро дар низоми сиёсии ҷаҳон дар пайи хоҳад дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Ғалабаи Русия бар зидди миллатгароӣ дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина бешубҳа ба пайдоиши як низоми одилонаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ин бора Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия дар Магадан зимни нишасти амнияти Шарқи Дури Русия изҳор дошт.

"Ғалаба бар миллатгароӣ дар Украина бешубҳа ба ташаккули низоми бисёрмарказӣ ва одилонаи ҷаҳонӣ бар асоси гуногунии фарҳангӣ ва тамаддунии ҷаҳон мусоидат хоҳад кард", - гуфт ӯ.

Вай афзуд, ки Русия бояд нақши муҳим ва зарурӣ бозад - ҷаҳонро аз девонагие, ки Ғарб ташвиқ мекунад, наҷот диҳад.
Дар ин кор ӯро кишварҳои дӯсту бетараф пуштибонӣ мекунанд ва ҳамзамон халқҳои кишварҳои ғарбӣ, аммо на сиёсатмадорони онҳо, гуфт Патрушев.
Пештар Патрушев гуфта буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо раҳбарии дастнишондодҳои ғарбӣ ба шаҳрҳои Русия ҳамлаҳои бесарнишин анҷом медиҳанд.
Амалиёти вижа: Ҳадафи ҳамлаи артиши Русия дар самти Купянск - озод намудани Харков
Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дарк карданд, ки Русияро дар хатти ҷабҳа шикастан ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ алайҳи аҳолии осоиштаи Федератсияи Русия шурӯъ карданд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар қаламрави Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин нозизудоӣ ва ғайринизомӣ сохтани Украина буд.