ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Ду-се баробар гарон будани нархи ангур дар Тоҷикистон дар муқоиса ба ҳамин давраи солҳои пешро кишоварзон ба газанд ёфтани ҳосили он рабт медиҳанд.
Ба гуфтаи боғдорон, сардиҳои бесобиқаи моҳи январ боиси газандёбии ҳосили ангурзорҳо дар навоҳии Суғд шудааст.
Яке аз ангурпарварони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Рустам Собиров, дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки чаро нархи ангур дар бозорҳои Суғд ба фарқ аз солҳои қаблӣ гарон аст.
"Сардиҳои ғайриинтизори моҳи январ гулу муғҷаҳои ангурзорҳоро зад ва ҳосил дуруст нашуд. Камбуди ҳаҷми маҳсулот сабаби болоравии нархи он дар бозор мегардад” – гуфт, ангурпарвар.
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ки соли ҷорӣ дар аксар токзорҳои ноҳияҳои шимоли кишвар ҳосили ангур то ду маротиба кам шудааст.
Ӯ изҳор дошт, ки агар то ин вақт аз 1 га токзор то 35 - 40 тон ангур гирифта мешуд, ҳоло ин рақам ба 14 -16 тон коҳиш ёфтааст. Дар пайи камшавии ҳаҷми ҳосили ангур нархи он дар бозорҳо ва мағозаҳои бузурги Суғд ба таври қобили мулоҳиза баланд шудааст.
Бино ба мушоҳидаҳо алҳол нархи ангур вобаста ба навъҳояш дар растаҳои чаканафурӯшии Суғд 7, 10, 16 сомонӣ фурӯхта мешавад. Соли гузашта қимати ин маҳсулот ҳамагӣ аз 3 то 8 сомонӣ буд.
Муовини сардори Саррраёсати кишоварзии Суғд Абдулазиз Маҳмудзода, зимни суҳбат афзуд, бо вуҷуди обуҳавои номусоид токзорҳо холӣ аз ангур набуда, балки аз ҳосили нав деҳқонон ба қадре хушҳол будаанд.
“Дуруст, ки ҳосили ангур кам шуд, вале имсол хушбахтона ҳосили зардолу ба таври назаррас афзуд ва аз ин ҳол ҳам боғпарварон ва ҳам худи хариддорон хушнуд гардиданд”, - таъкид варзид, масъули Идораи кишоварзӣ.
Бино ба иттилоъи манбаъ ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 11 ҳазор га токзор умдатан дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Истаравшан ва Панҷакенту Хуҷанд мавҷуд будааст.
Дар шимоли Тоҷикистон беш аз даҳ навъи ангур аз ҷумла “ҳусайнӣ”, “кишмиш”, “тоифӣ”, “тагобӣ” ва дигар парвариш мешавад.
Ба иттилои идораи омор, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз қаламрави Суғд беш аз 240 тон ангур ба берун аз кишвар содир карда шудааст.