ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба пояи муҷассамаи қаҳрамонони миллӣ дар майдони Тянанмени Пекин гулчанбар гузошт.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки Рустами Эмомалӣ бо гузоштани гулчанбар хотираи шаҳидони роҳи озодӣ ва қаҳрамонони мардуми Чинро гиромӣ дошт.
Ҳамин тариқ, дар маросими тантанавӣ раиси палатаи болоии парлумони кишварро муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ Хан Чжэн ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Ғайр аз ин, ӯ аз осорхонаи таърихии Ҳизби коммунистии Чин боздид кард.
Дар он ҷо Рустами Эмомалӣ бо намунаҳои экспонатҳои таърихӣ ва асноди марбут ба таърихи таъсиси ҳизб ва давраи таъсиси он шинос шуд.
Сафари расмии раиси палатаи болоии порлумони Тоҷикистон бо даъвати ҷониби Чин сурат гирифта, тибқи иттилои расонаҳои кишвари мизбон, он то 23 август идома хоҳад кард.
Чин яке аз шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон аст, ки дар бахшҳои мухталифи саноат - аз энергетика то истихроҷи маъдан ва роҳсозӣ дар ҷумҳурӣ сармоягузорӣ мекунад.