ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Кумиссиюни порлумони Эрон муҷозоти шадидтар барои нақзи қонуни ҳиҷобро тасвиб кард, иттилоъ доданд расонаҳои маҳаллии ин кишвар.
Бар асоси гузоришҳои нашршуда, қонуни нав ба Шӯрои посдорони Конститутсия, ки як ниҳоди назоратии иборат аз рӯҳониёни муҳофизакор мебошад, пешниҳод хоҳад шуд.
"Лоиҳаи қонун аз 70 модда иборат буда, барои заноне, ки аз пӯшидани ҳиҷоб саркашӣ мекунанд, ҷаримаи хеле калонтар ва мӯҳлатҳои тӯлонитари зиндонро дар назар дорад", - таъкид кард манбаъ.
Ҳамин тавр, чораҳои ҷадиду ҷазоҳои нав ҳам шахсони машҳур ва ҳам ширкатҳоро интизоранд.
Дар баробари ин муқаррар шудааст, ки зеҳни сунъӣ дар муайян кардани вайронкунандагони қоидаҳои либос истифода хоҳад шуд.
Бар асоси қонуни феълии Эрон, барои напӯшидани ҳиҷоб аз 10 рӯз то 2 моҳи зиндон ва ё аз 50 то 500 ҳазор риёли эронӣ (1 то 10 евро) ҷарима пешбинӣ гардидааст.
Аммо дар бастаи ҷадиди қонун муҷозот дар шакли зиндон ба муҳлати аз 5 то 10 сол ва ҳамчунин ҷарима дар ҳаҷми то 360 млн риёли эронӣ (7,8 ҳазор евро) пешниҳод гардидаст.
Ёдовар мешавем, ки ташдиди қонунгузорӣ посухи раҳбарияти Эрон ба эътирозҳои соли 2022 буд. Сабаби ба амал омадани он марги Маҳсо Аминии 22-сола аз сӯи пулиси ахлоқ будааст, ки барои нодуруст пӯшидани ҳиҷоб боздошт шудааст.