ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Бонки авруосиёии рушд болоравии сатҳи таваррум ва афзоиши нархҳоро дар Тоҷикистон то охири соли 2023 пешгӯӣ кардааст.
Бар асоси таҳлили коршиносони бонк, таваррум дар ҷумҳурӣ ба далели болоравии нархҳои истеъмолии маҳсулоти Русия боло хоҳад рафт. Таъкид шудааст, ки маҳз Русия аз содиркунандаҳои аслии коло ба Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин коршиносони Бонки авруосиёии рушд интизор доранд, ки қурби пули миллӣ дар Тоҷикистон майли поинравӣ хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки ба ҳолати ҷамъбасти моҳи июл сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 2,3% баробар шудааст, ки ин дар муқоиса бо моҳҳои май ва июн 0,1% камтар мебошад, омадааст дар гузориши Бонк.
Омили боздоранди нархҳо дар бозори Тоҷикистон то ҳол қурби муътадили пули миллӣ - сомонӣ дар баробари доллар арзёбӣ мешавад.
Нашри ин таҳлил дар ҳолест, ки ахиран Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз болоравии нархи сӯзишворӣ то 1 сентябри соли равон хабар дода буд.
Таъминкунандаи аслии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон Русия мебошад. Гази моеъ ба ҷумҳурӣ асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад.