ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Масъули утоқи тиҷорат ва сармоягузории вилоят Балх ахиран эълон кардааст, ки маҳмулаи шомили ду ҳазор картон ангур ба бозори Русия фиристода шудааст, иттилоъ додааст радиои дарӣ.
Вай афзуд, ки ин бор бо гузаштан аз марзи Ӯзбекистон ба самти Русия фиристода шудааст.
Дар ҳамин ҳол масъули утоқи тиҷорат ва сармоягузории Балх бо ибрози хурсандӣ аз фиристодани ангур ба Русия, аз фароҳам шудани шароити муносиби тиҷоратӣ барои афзоиши содирот ба кишварҳои минтақа сухан мезанад .
Оқои Асадӣ гуфт, дар моҳҳои пасин содироти фаровардаҳо ва тавлидоти мухталиф аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳон афзоиш ёфтааст.
Бо ин ҳама, ба гуфта вай, қарораст то чанд рӯзи дигар раванди содироти анор, себ ва дигари фаровардаҳои кишоварзӣ низ аз бандари Ҳайратон оғоз шавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Сергей Котирин, раиси утоқи тиҷорат ва саноии Русия баён дошт, ки Афғонистон омодаи таъмини меваи хушк, маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия аст.
Вай афзуд, ки Афғонистон ҳамчунин омодаи кумак ба эҷоди занҷира таъмин аст.
"Мо бо намояндагони утоқи бозаргонӣ ва саноии Афғонистон суҳбат кардем, онҳо манофеи тиҷорӣ ва иқтисодии худро, ки дар Русия аст, баён карданд. Ба вижа онҳо мехоҳанд меваҳои хушку маҳсулоти кишоварзиро ба таври куллӣ арза кунанд", - гуфт Котирин.
Раиси утоқи тиҷорат ва саноии Русияи ёдрас шуд, ки бо тарафи толибон дар мавриди эҷоди роҳҳои логистикӣ барои ширкатҳои русӣ аз ҷумла - истифода аз хоки Афғонистон ба Ҳинд мавриди баҳс сурат гирифт.