ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввали мусобиқаи Zagreb Grand Prix-2023 шикаст хӯрд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Маҷидов дар вазни то 90 кило бо Петер Сафрани аз Маҷористон ворид майдон шуд, аммо дастболо нагардид.
Ҳамин тариқ намояндаи дуюми Тоҷикистон низ дар мусобиқаи байналмилалии ҷудокорон дар Хорватия дучори шикаст шуда, аз ҳаққи идомаи бозӣ маҳрум шуд.
Рӯзи 18 август ҷудокори дигари тоҷик, Обид Ҷебов, ки даври аввалро дар Zagreb Grand Prix-2023 бо пирӯзӣ бар рақиби литвагияш Андрей Клоков оғоз намуда буд, дар даври дуюм аз паҳлавони ӯзбек, Муҳриддин Тилолов шикаст хӯрд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Ҷебов баъди шикаст аз ҳаққи идомаи сабқат дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хорватия маҳрум шуд.
Қаблан интизор мерафт, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа мебоист 5 ҷудокор муаррифӣ менамуданд, аммо бо сабаби мушкили марбути раводид Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Сӯфиев ва Маҳмадшариф Наҷмиддинов иштирок карда натавонистанд.