Рустами Эмомалӣ ба Чин рафт

Сафари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, ё худ роҳбари палатаи болоии кишвар ба ҷумҳурии мардумии Чин мақоми расмиро дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ рӯзи 20 август озими Чин шуд, иттилоъ дод дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафари сафари расмӣ Рустами Эмомалиро намояндагони баландпояи ҳукумат, парлумон ва бахши хусусӣ намояндагӣ мекунанд.
Аз ҳукумат ҳамроҳи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба Чин аз ҷумла вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Завқӣ Завқизода рафтааст.
Чин мехоҳад бо мақомоти Хатлон дар самти иқтисодӣ сабз ҳамкорӣ намоянд
Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи палатаи болоии парлумон низ Рустами Эмомалиро ҳамроҳӣ мекунанд.
Роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ, намояндагони бахши соҳибкорӣ, инчунин дигар шахсони расмӣ низ ба Чин рафтаанд.
Гуфта мешавад, ки сафари расмии Рустами Эмомалӣ бо даъвати ҷониби Чин сурат гирифта, ба иттилои расонаҳои кишвари мизбон интизор меравад, ки то 23 август идома кунад.
Чин яке аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба ҷумҳурӣ дар бахшҳои мухталиф, аз энергетика то куҳкорию роҳсозӣ сармоягузорӣ мекунад.