Оғози сохтмони хонаҳо барои осебдидаҳои садама дар Кӯлоб

Раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корияш ба Кӯлоб аз майдони сохтмони хонаҳо барои ҷабрдидаҳо боздид намуда, ба оилаҳои ҷабрдида сабру таҳаммул хост
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Чор оилаи зарардида дар садамаи мудҳиш дар шаҳри Кӯлоб соҳиби хонаҳои нав мешаванд, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид аз шаҳри Кӯлоб боздид намуда, дар оғози сохтмони манзили истиқоматии 4 оила, ки хонаҳояш дар фоҷиаи нақлиётӣ тахриб шуданд, иштирок намуд.
Маълумот дода шуд, ки хонаҳои мазкур аз тарафи ҳукумати вилояти Хатлону шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Дӯстӣ бунёд мегарданд. Раиси вилоят хостори истифодаи маҳсулоти босифат шуда, таъкид намудаст, ки корҳо бояд вусъат ёбанд, чун тирамоҳ наздик омадааст.
Ҳукумати Кӯлоб аз ҳоли захмиёну зарардидагони садамаи маргбор гуфт
Давлаталӣ Саид ба зарардидаҳою оилаҳои қурбониён сабру таҳаммул хоста, таъкид намудаст, ки ҳеҷ вақт худро танҳо ҳис накунанд, зеро давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар канорашон ғамхорӣ хоҳанд кард.
Садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб шоми 6-уми август рух дод. Мошини боркаш, бар асари аз кор мондани дастгоҳи тормоз хонаҳо, худравҳо ва сокинонро зер намуд.
Дар натиҷаи ин фоҷиа 10 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар маҷруҳ шуданд.
Инчунин чандин хонаю мошин хароб гардиданд. Мақомот мегӯянд, ба 7 нафар аз зарардидагон, ки мошинашон осеб дид, мошинҳои нав дода шуданд.