Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе меоянд

Дар пойтахти Тоҷикистон ду вохӯрии сатҳи баланд баргузор мешавад, ки дар он сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок хоҳан кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Душанбе хабар дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин ду вохӯрӣ рӯзҳои 14-15 сентябри соли равон таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад.
Дар ин робита Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бақайдгирии рӯзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори оммаро оғоз намудааст.
Таъхири пайвастшавии комили Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2019 дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, Президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба муддати се сол таъйин шуда буд.
Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар асоси қарори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз 4 январи соли 1993 дар шаҳри Тошканд таъсис дода шуд.
Мақсади он беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии ҳавзаи баҳри Арал мебошад. Раёсат дар ин Фонд аз Туркманистон, ки солҳои 2017-2019 онро бар дӯш дошт, ба Тоҷикистон гузашт.