Лавров: Русия кишварҳои ИИАО-ро барои мубориза бо таҳримҳо пурзӯр хоҳад кард

Вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, ки бозори ИИАО то 40 дарсади тиҷорати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Русия барои муқовимат бомуваффақият ба таҳримҳо иқтисодҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро (ИИАО) тақвият медиҳад.
Дар ин бора ахиран вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо маҷаллаи International Affairs изҳор доштааст.
“Дар чаҳорчӯби ИИАО барои рафъи оқибатҳои таҳримҳои зидди Русия ва Беларус тавассути баланд бардоштани суботи иқтисоди кишварҳои иттиҳод тадбирҳои муштарак таҳия шудаанд. Ин аллакай натиҷаҳои мушаххас додааст”, - гуфт Лавров.
Ба гуфтаи вазир, ҳамгироии АвруОсиёӣ кафолати нигоҳдории суботи иқтисодии кишварҳои узви ИИАО буда, инчунин ба афзоиши некӯаҳволии шаҳрвандони онҳо мусоидат мекунад.
ИИАО Мисрро “дарвоза” ба Африқо хонду бо Қоҳира рушди тиҷоратро баррасӣ кард
Лавров таъкид кард, ки бозори ИИАО то 40 дарсади тиҷорати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.
Дар Осиёи Марказӣ беш аз 10 ҳазор корхонаи русӣ ва муштарак фаъолият мекунанд, ки дар онҳо ҳудуди 900 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда шудааст.
Ба гуфтаи Сергей Лавров, кишварҳои ғарбӣ ба кишварҳои ИИАО фишор меоранд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии 360, онҳо талош доранд онҳоро ба тарафи худ ҷалб кунанд, то ба Русия муқовимат кунанд.