ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Сиёсати берунии таҷовузкоронаи Иёлоти Муттаҳида ва дигаргуниҳои соҳаи пулии он як қатор мамлакатҳоро водор кард, ки дар бораи даст кашидан аз асъори амрикоӣ фикр кунанд.
Дар ин бора нашрияи иқтисодии Туркия Dünya менависад.
"Таваҷҷӯҳи аз ҳад зиёд ба пули ягона, тағирот дар сиёсати пулии ИМА ва таҳримҳо ё маҳдудиятҳои эҳтимолӣ аз ҷониби онҳо хатар дорад",- қайд кардааст нашрия.
Гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида касри буҷаашро кайҳо боз ба қайд гирифтаанд. Ин нигарониҳо дар бораи таваррум ва арзиши долларро ба вуҷуд меорад.
Муаллифони матлаб ёдовар шудаанд, ки дар солҳои ахир Амрико ба низоъҳои геополитикӣ, аз ҷумла ба ҷангҳои Ироқу Афғонистон дахолат кард.
Ба ин сабаб муносибатҳои Вашингтон бо як қатор давлатҳо тезу тунд гардид, бинобар ин бисёриҳо дасткашӣ аз долларро оғоз карданд.
Нашрия, ҳамзамон, қайд мекунад, ки дар заминаи дуриҷӯӣ аз асъори амрикоӣ, Чин нуфузи худро дар тамоми ҷаҳон зиёд карда, пули худ — юанро пеш мебарад.
Дар матлаб гуфта мешавад, "асъорҳои криптовалютӣ ба мисли биткоин, ки таҳти назорати ҳукумат нестанд, барои онҳое, ки алтернатива ба долларро меҷӯянд, ҷолиб шуданд".
Қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар ҷаласаи пленарии SPIEF гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида бо истифода аз доллар ба унвони абзори мубориза эътимоди онро коҳиш медиҳад.
Ӯ гуфт, худи ИМА сабаби асосии дуриҷӯии дигарон аз асъораш аст.