ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ҳукуматдорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кӯшиш доранд, ки шиддати байни онҳо ва Толибон*, ки ҳоло дар Афғонистон дар сари ҳокимият мебошанд, ба ҳадди имкон кам карда шавад.
Ин андешаро ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон сардори шӯъбаи ҳамгироӣ ва рушди Авруосиёи СҲШ-и Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Владимир Евсеев изҳор дошт.
"Ӯзбекистон на танҳо нисбат ба "Толибон* сиёсати босалоҳият пеш мебарад, балки амнияти максималии диаспораи ӯзбек дар Афғонистонро низ таъмин мекунад, — гуфт коршинос.
Сиёсати роҳбарияти Тоҷикистон, гуфт ӯ, низ кам зиддиятнок шудааст, зеро ҳукуматдорон кӯшиш мекарданд, ки баъзе ҳаракатҳоеро, ки ба Толибон* муқобил буданд дастгирӣ кунанд, вале ҳоло қарорҳои мутавозинтар дида мешаванд.
"Ноустувории сиёсии дохилӣ дар Афғонистон хеле баланд аст, аммо таҳдидро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ набояд муболиға кард",- гуфт коршинос.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки Русия ва Чин дар таъмини амнияти Тоҷикистон дар марзҳо саҳми бузург доранд.
"Русия пойгоҳи низомӣ дорад, низомиёни тоҷикро таълим медиҳад ва бо силоҳ таъмин мекунад",- гуфт намояндаи СҲШ.
Ба гуфтаи ӯ, Чин ба хадамоти сарҳадӣ ва нерӯҳои интизомӣ дар нигоҳ доштани назорати сарҳад кӯмак мерасонад, ки ин субот дар ҷумҳуриро афзоиш медиҳад.
Евсеев афзуд, албатта, хатари эҳтимолӣ вуҷуд дорад, аз ҷумла, он бештар ба маводи мухаддире, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, рабт дорад.
* - Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.