Қадрдонии Шарипов барои наҷоти марди солхӯрдаю кӯдак аз коми сел

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон як сокини ҷамоати Урметани ноҳияи Айниро барои қаҳрамонӣ дар наҷоти дигарон қадрдонӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Сокини ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, Аловиддин Шарипов барои наҷоти ҷони 2 нафар аз ҳамдеҳагонаш бо ифтихорнома ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ шуд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ҳангоми сар задани селҳои харобиовар дар ноҳияи Айнӣ охири моҳи июл, сели обу лой марди 75-сола ва писарчаи 7-сола, сокинони деҳаи Лангарро ба коми худ бурд.
Аммо яке аз ҳамдеҳагони ин ду нафар, Аловиддин Шарипов ин ҳолатро дида, бетараф наистод ва худро ба селоба андохт, то марди солхӯрдаю кӯдакро наҷотро диҳад.
Дар бинои бисёрошиёнаи навбунёди Хоруғ ба зарардидаҳо аз тарма хона доданд
Бахшида ба рӯзи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ки ҳамасола 17-уми август таҷлил мешавад, генерал Ҷамшед Камолзода, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ба ноҳияи Айнӣ рафт, то Шариповро қадрдонӣ намояд.
Ба иттилои КҲФ, барои қаҳрамонӣ ва наҷоти ду ҳамдеҳа ба Шарипов ифтихорнома ва туҳфаи қиматнок - оинаи нилгун тақдим гардид.
Маврид ба зикр аст, ки охири моҳи июл дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бар асари офати табиӣ 161 хонавода осеб диданд.
Ба иттилои КҲФ, аз ҷумла дар ин минтақа бар асари сел 16 бинои истиқоматӣ қисман зери об монда, ба 64 иншооти ёрирасон қисман осеб расид, ҳамчунин - 81 замини наздиҳавлигӣ зери об монда буд.