ВМКБ соҳиби беморхонаи нави марказии бисёрошёна мешавад

Тарҳи беморхонаи марказии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои раисҷумҳури Тоҷикистон, ки феълан дар шаҳри Хоруғ қарор дорад, муаррифӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Беморхонаи нави марказии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 6 ошиёна иборат хоҳад буд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ин нукта зимни муаррифии тарҳи беморхона барои Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд.
Президенти кишвар зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Беморхонаи марказии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ба сифати бунёди он таъкид кардааст.
Дафтари матбуоти президент афзуд, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи нав бо дарназардошти талаботи муосири соҳавӣ бунёд хоҳад ёфт.
Бо дафу мусиқӣ: Истиқболи Раҳмон дар шаҳри Хоруғ – видео
"Дар баробари сохтмони бинои асосӣ, ҳамчунин бунёди иншооти ёрирасон, аз ҷумла, дегхона, анбори сӯзишворӣ ва зеристгоҳи барқӣ дар назар дошта шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки беморхонаи мазкур барои 200 кат пешбинӣ гардида, дар он барои муоинаву муолиҷаи беморон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар пайи шиносоӣ бо тарҳ ба масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин - ба ташкилоту идораҳои сохтмонӣ дастур дод, ки иншоот дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд бунёд ва мавриди истифодаи мардум қарор дода шавад.