ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои азнавбарқароркунии корхонаи гидрометаллургии корхонаи воҳиди давлатии "Фулузоти нодири Тоҷикистон" шинос гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, таҳкими фаъолияти корхона бо мақсади таъмини рушди соҳаи саноат ва саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ мешавад.
Таъкид шуд, ки роҳбарияти КВД "Фулузоти нодири Тоҷикистон" тасмим гирифтааст, ки бо ворид намудани хатҳои нави истеҳсолӣ фаъолияти корхонаи металлургиро беҳтар намояд.
Раиси вилоят иқдоми масъулинро хуш истиқбол намуда, барои суръатбахшии корҳо ва ба ободонӣ фаро гирифтани ҳудуди корхона супоришҳо дод, омадааст дар иттилоия.
Аҳмадзода ҳамчунин аз маркази муосири логистикии КВД "Фулузоти нодири Тоҷикистон" боздид кард, ки дар он то 100 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
Дар марказ асосан хизматрасонии борфарорӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, нигоҳдории молу маҳсулот, воридот ва содирти маҳсулот дар назар дошта шудааст, афзуд ҳукумати Суғд.
"Фулузоти нодири Тоҷикистон" собиқ корхонаи "Востокредмет" мебошад, ки феълан бо зарфияти доштааш фаъолият намекунад ва гуфта мешавад, ки дар пайи барқарорсозӣ тавлидоти маҳсулот дар он ба маротиб зиёд мешавад.