ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Давоми ду ҳафтаи охир беш аз 35% баланд гуфта мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон мегуяд, субҳи имрӯз дар тоблӯи нархномавии аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ тағйирот ворид шуда, нархи фурӯши гази моеъ дар навоҳии Суғд ба 5,3 сомонӣ расидааст.
Бино ба гуфти сокинон, қимати фурӯши ин навъ маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Хатлон ва шаҳри Душанбе аз ин ҳам баландтар ва то 5,5 сомонӣ будааст.
Соҳибкороне, ки ба фурӯши маводи сӯхт машғуланд, сабаби болоравии нархи гази моеъро ҳаргуна шарҳ медиҳанд.
Иброҳим Маҷидов - роҳбари яке аз ширкати чаканафурӯшии маводи сӯхт дар шаҳри Хуҷанд сабаби даккахурии нархро дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, гароншавии қимати газ аз воридот ва нархи дастраскунии он вобаста аст.
“Ширкатҳои яклухтфурӯшӣ пештар ҳар килои газро бар ивази 6 сомонӣ дастрас мекарданд, ҳоло он 7,5 – 8 сомонӣ ва аз ин ҳам зиёдтар мехарем” – зикр кард, манбаъ.
Ба ҳисоби газ, қимати бензин ҳам дар чанд рӯзи охир гарон шудааст.
Бино ба тоблӯи ширкатҳои чаканафурӯшӣ, алҳол нархи бензини навъи АИ 92 9,8 – 10 сомонӣ, АИ 95 10, 2 -10, 4 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ба 9,8 – 9,9 сомонӣ мебошад.
Маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ - асосан аз Русия ва Қазоқистон - ворид карда мешавад.
Ширкатҳои “Газпром”, “Газойл”, “Се ганҷ”, “Аллат”, ”Суғднефт”, “Роҳи сомон”, “Ориё” аз зумраи ширкатҳои воридкунанда ва яклухтфурӯши маводи сӯхт маҳсуб мешаванд.