Вазири хориҷаи Эрон бори дигар бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон таъкид кард

Вазири умури хориҷаи Эрон бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон ва ҳалли мушкилоти мардуми ин кишвар бори дигар таъкид кард.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, ахиран дар дидор бо Ториқ Алӣ Бахит, муовини дабири кулл ва фиристодаи вижаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар умури Афғонистон гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ ягона роҳи ҳалли вазъи кишвари ҳамояашро дар ташкили давлати фарогир бо ҳузури намояндагони ҳамаи гуруҳҳои қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар медонад.
Дар ин бора хабаргузории “ИРНА” дар истинод ба идораи кулли иттилорасонӣ ва умури сухангӯии вазорати умӯри хориҷаи Эрон хабар додааст.
Ба гуфтаи Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, бо доштани 900 километр марзи муштарак бо Афғонистон нисбат ба таҳаввулоти ин кишвар, иҳтимом ва ҳассосият дошта ва роҳи ҳалли хурӯҷи Афғонистон аз вазъияти кунуниро ташкили давлати фарогир бо ҳузури ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар медонад.
Русияву Эрон ҳамкориҳояшонро дар самти зидди террористӣ тақвият мебахшанд
Вай бар зарурати ироаи кӯмакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба оворагони афғонистонӣ дар Эрон таъкид ва хостори ташдиди фаъолиятҳо барои ҳалу фасли мушкилоти ҷории маъишатӣ ва инсонӣ дар Афғонистон шуд.
Алӣ Бахит низ дар ин дидор, нақши Эрон дар хусӯси вазъияти Афғонистонро бисёр муҳим ва созанда хонд ва хостори дарёфти назароту мусоидати Эрон дар бораи рафъи мушкилоти Афғонистон шуд.