ДУШАНБЕ 16 авг – Sputnik. Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳангоми гирифтани пора аз судшавандаҳо дастгир шудааст.
Дар ин бора сардори Идораи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, Аваз Шарафзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҳамакнун собиқ раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо гумони гирифтани пора идома дорад.
Шарафзода иттилоъ дод, ки ба ниҳоди мубориза бо коррупсия 2 шаҳрванд муроҷиат карда, арз доштанд, ки раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов барои таъйини ҷазои ҷаримавӣ аз рӯи парвандаи хешовандонашон, ба сифати пора 23 ҳазор доллар талаб намудааст.
Муроҷиаткунандагон таъкид намудааст, ки аз маблағи талабнамудааш додрас пешакӣ 20 ҳазор долларашро гирифтааст.
Таъкид гардидаст, ки феълан тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи собиқ раиси суд, бар асоси моддаи 319 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ, яъне гирифтани пора ба миқдори махсусан калон идома дорад.
Идораи мубориза бо фасод дар вилояти Суғд афзуд, ки таҳқиқи парвандаи собиқ судяро додситонии кулли Тоҷикистон пеш бурда истодааст.
Дар маҷмӯъ, ба иттилои Идораи мубориза бо фасод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 256 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор карда шудааст, ки беш аз 90 адади онҳо ҷиноятҳои вазнин арзёбӣ мешаванд.