ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Панҷ ҷудокори тоҷик дар мусобиқае, ки дар Хораватия баргузор мегардад Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳанд кард.
Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи фароқоравӣ паҳлавонҳои номдор Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Меҳрзод Суфиев (-60кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) намояндагӣ мекунанд.
Манбаъ хабар дод, ки мусобиқаи мазкур аз 18-ум то 20-уми август дар шаҳри шаҳри Загреби Хорватия баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқа 561 ҷудокор, 339 мард ва 222 зан аз 88 кишвари дунё, аз рӯи 7 вазн барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ қувваозмоӣ мекунанд.
Қайд карда шудааст, ки маросими қуръакашии мусобиқа рӯзи 17-уми август баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии ҷудо тағйир ёфтааст.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои ҷаҳон, паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов ҷои аввалро дар радабандӣ ҳифз намуда, феълан беш аз 3,7 ҳазор хол дорад. Раҳимов дар финали "Hungary Masters-2023" аз рақиби финландияш шикаст хӯрда, барои Тоҷикистон нишони нуқра оварда буд.
Беҳрӯз Хоҷазода барандаи дигари медали нуқраи "Hungary Masters-2023" дар радабандии ҷаҳонӣ боло ҷаҳида, бо наздики 2,4 ҳазор хол дар вазни то 73 кило дар ҷои 7-ум қарор гирифтааст. Хоҷазода то мусобиқа дар Маҷористон дар зинаи 20-уми радабандии ҷаҳонӣ қарор дошт.
Сомон Маҳмадбеков, ки дар вазни то 81 кило дар ҷои 12-уми радабандӣ қарор дошт, бо сабаби мушкили раводид ба Маҷористон рафта натавонист ва мавқеаш дар радабандии ҷаҳонӣ то 20 поин фаромад.
Комроншоҳ Устопириён, ки дар вазни то 90 кило аз зинаи 11-уми радабандии ҷаҳонӣ ба "Hungary Masters-2023" рафта буд, бе мадал баргашт ва айни ҳол дар зинаи 12-уми радабандӣ қарор дорад.