ДУШАНБЕ, 15 авг— Sputnik. Дар Тоҷикистон зарфи шаш моҳ 169,8 млн сомонӣ зарари молиявӣ ба давлатро ошкор кардаанд.
Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раҳбари Оҷонсии зидди фасод зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки ин маблағҳо дар пайи 168 санҷишҳо ошкор карда шудааст.
Гуфта мешавад, аз ин маблағ, 124,3 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ва 61,1 миллион сомонӣ ба корхоаву муассисаҳо рост меояд.
Вай афзуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз маблағи ошкоргардида 163,7 миллион ва ё 94,4 фисад барқарор карда шуда, барои рӯёнидани маблағи боқимонда тадбирҳои зарурии ҳуқуқӣ андешида мешаванд.
Ин ниҳод зарфи шаш моҳ алайҳи 724 шаҳрванд барои содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ парванда боз кардааст, ки 516 адади он ба гуруҳи ҷиноятҳои вазнин шомил будаанд.
Ба иттилои Оҷонсӣ, зарар бештар аз ҳисоби хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, камомад ва тасарруф, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ ва маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ ошкор мешавад.