Муҳриддин: Фишороварӣ дар муносиботи Русия бо тоҷикистониён ҷой дошта наметавонад

Тоҷикистон бо таъкиди дурустии амалиёти санҷишии мақомоти Русия дар нисбати шаҳрвандони хориҷӣ зарур хонд, ки ҳуқуқу озодиҳои бояд риоя шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин иддао дар бораи фишори мақомоти Русия ба муҳоҷирони тоҷикро нодуруст хонд.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бо назардошти сатҳи баланди муносиботи бисёрсамтаи Тоҷикистон бо Русия, фишороварӣ ҷой дошта наметавонад.
"Дар мавриди амалиётҳои мунтазами тафтишотии мақомоти қудратии Русия нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон бояд қайд кард, ки ҷониби мо дурустии амалкарди мақомоти он кишварро мавриди шубҳа қарор намедиҳад", - гуфт Муҳриддин.
Таъсиси 5 гурӯҳи корӣ дар панҷ шаҳри Русия барои шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирон
Вай дар зимн таъкид намуд, ки ҳангоми баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ барои танзими равандҳои муҳоҷиратӣ бояд ҷониби Русия ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳатман риоя намояд.
Ӯ гуфт, ин мавқеъро дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла ахиран дар мулоқот бо вазири умумри хориҷии Русия, Сергей Лавров баён дошт.
"Мо ҳамеша аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мекунем, ки кору зиндагии худро дар ин кишвари иқомат ҳатман дар доираи қонунгузорӣ ба роҳ монанд", - изҳор дошт Сироҷиддин Муҳриддин.
Вай таъкид намуд, ки намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия масъалаи марбут ба шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳоро мунтазам пайгирӣ менамоянд.
Русия пазирандаи асосии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола садҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистониро қабул мекунад.
Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки мақомоти марбути масоили муҳоҷирати Тоҷикистон ҳамкориро бо ҳамтоёни худ дар Русия тақвият медиҳанд.