ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гуфт, ки дар кадом вазорату идораҳои давлатӣ бештар қонуншикании марбут ба фасоди молӣ сабт шудааст.
Раҳбари ин ниҳод Султонзода Сулаймон зимни нишасти хабарияш гуфт, ки тайи шаш моҳ дар кишвар 1329 ҷинояти иқтисодии коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро сабт кардаанд.
Бар асоси маълумоти оҷонсӣ, аксари ҷиноятҳои коррупсионӣ дар низоми бонкӣ будааст, ки дар он 142 далели ҷиноятҳои иқтисодӣ якбора ошкор карда шуданд.
Дар зинаи дуввум шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар ним соли охир ба қайд гирифта шудаанд - тақрибан 123 парванда.
Дар зинаи сеюм аз рӯи миқдори фасодкориҳои молӣ соҳаҳои маориф будааст, ки дар он 116 далели ҷиноятҳои иқтисодӣ якбора ошкор карда шуданд.
Мақоми чаҳорумро бо 70 парванда соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гирифтааст.
Ба гузориши оҷонсӣ теъдоди ҷиноёти ошкоршуда дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ - 18, кишоварзӣ - 17, корхонаҳои идораи замин ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул - 107, шабакаҳои тақсимоту фурӯши барқ - 26, ва дигар идораву корхонаҳои давлатӣ - 246 ҷиноят сабт шудааст.
Давоми шаш моҳ ҳамзамон 1085 парвандаи хухсияти коррупсионидошта баррасӣ шудааст, ки аз он 272-тоаш алайҳи шахсони мансабдори вазорату идораҳо будааст.
Султонзода ҳамзамон афзуд, ки барои бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ дар пайи санҷишҳо, ба вазорату идораҳои дахлдор 987 дастури хаттӣ ва 1843 пешниҳод ирсол шуд, ки дар натиҷаи баррасии онҳо 115 нафар аз вазифа аозод ва алайҳи 637 тан чораҳои интизомӣ татбиқ карда шуд.