ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Пас аз бозиҳои даври 16-уми чемпионати футболи кишвар метавон ҳисоб кард, ки чӣ қадар мухлисон ба варзишгоҳҳо меоянд.
Тибқи омор, вохӯриҳои тими “Равшан”-и Кӯлоб дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон тамошобини бештар дошт. Ба гузориши Sputnik Тоҷикистон, дар 16 бозӣ дар маҷмӯъ 79 800 мухлис ҳузур доштанд. Дар як бозӣ ба ҳисоби миёна 4987 мухлис рост меояд.
Клубҳои машҳури Тоҷикистон дар байни мухлисон:
"Равшан" (Кӯлоб) – 79800 тамошобин, ба ҳисоби миёна дар як бозӣ 4987 мухлис.
"Ҳосилот" (Фархор) — 66900 тамошобин, ба ҳисоби миёна 4181 нафар мухлис дар як вохӯрӣ;
"Эсхата" (Хуҷанд) — 49100 тамошобин, ба ҳисоби миёна 3068 мухлис дар як вохӯрӣ.
"Кӯктош" (Рудакй) — 49100 тамошобин, ба ҳисоби миёна 3068 мухлис.
"Хуҷанд" (Хуҷанд) — 46650 тамошобин, ба ҳисоби миёна 2915 мухлис дар як вохӯрӣ.
"Хатлон" (Бохтар) – 46 150 тамошобин, ба ҳисоби миёна 2884 мухлис дар як бозӣ.
"Истиқлол" (Душанбе) – 44450 тамошобин, ба ҳисоби миёна 2778 мухлис ба як бозӣ.
"Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) – 31 000 тамошобин, ба ҳисоби миёна 1937 мухлис дар як бозӣ.
"Файзканд" (Восеъ) — 30800 тамошобин, ба ҳисоби миёна 1925 мухлис.
"ССКА" (Душанбе) — 19850 тамошобин, ба ҳисоби миёна 1240 мухлис.
То кунун дар Тоҷикистон масъалаи ҳузури ками тамошобинон дар Лигаи олӣ матраҳ шуда буд ва ин масъаларо собиқ бозигари "Помир", ҳоло мураббй Дамир Камолиддинов шарҳ дод. Ба боварии ӯ мардум ба футбол кам таваҷҷӯҳ доранд.