Нерӯҳои мусаллаҳи Украина кӯшиш карданд, ки ба пули Қрим бо як мушаки С-200 ҳамла кунанд, вале он сарнагун шуд ва ягон хисорот ба пул нарасонд.
"12 август, тахминан соати 13:00 ба вақти Маскав кӯшиши анҷоми ҳамлаи террористӣ ба пули Қрим бо мушаки зиддиҳавоии С-200 сурат гирифт. Мушаки украинӣ саривақт ошкор ва дар ҳаво аз ҷониби системаҳои дифои ҳавоии Русия боздошт шуд", - омадааст дар хабари Вазорати дифои Русия.
Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки дар пайи ин ҳамла ягон хисорот ба пул нарасид.
Ёдовар мешавем, рӯзи 17 июл ба пули Қрим ду киштии бесарнишини украинӣ ҳамла кард, ки дар натиҷа зану мард кушта шуданд ва фарзанди ноболиғи онҳо шадидан маҷрӯҳ шуд.