ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. То ҳол дар мавриди даври нави машваратҳои Туркия оид ба ҳалли муноқишаи Украина тасмими мушаххасе нест, аммо ҷониби Туркия омода аст, ки ҳамчун миёнарав амал кунад.
Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба як манбаи дипломатӣ хабар дод.
Феълан ягон роҳҳалли аниқ мавҷуд нест, танҳо пешниҳодҳо барои баррасии ин масъала ҷо доранд, таъкид намуд манбаъ.
Ба гуфтаи вай, ҷониби Туркия омода аст, ки барои ҳарчи зудтар қатъи амалиёти ҷангӣ ва ба даст овардани вазъияти осоишта миёнаравӣ кунад.
Тавре президент Эрдуғон борҳо изҳор доштааст, Туркия омода аст барои расидан ба сулҳ ҳама гуна талоши миёнҷигариро анҷом диҳад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 6-7 август дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ музокироти дурӯза баргузор шуд, ки дар он намояндагони 30 кишвари ҷаҳон талош карданд, ки дар мавриди ҳалли вазъ дар Украина тасмим бигиранд.
Дар ҳамин ҳол Пекин пешниҳоди ба инобат гирифтани хатҳои сурх ва ҳарос аз Русияро дар ин баҳсҳо кардааст. Чин бори дигар тарҳи сулҳи 12 бахшро барои ҳалли низоъ байни Русия ва Украина тавсия дод.