ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар Душанбе натоиҷи мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи ҷумҳурӣ - 2023 ҷамъбаст шуд.
Дастаи "Амонатбонк" ғолиби бозиҳо гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти ФФТ.
Ҷойи дуюмро тими “Ориёнбонк” соҳиб гарид.
Муборизаи шавқовар барои гирифтани мақоми саввум сурат гирифт. Барои ие мақом футзалбозони "Рахш-такси" ва "Вавилон" мубориза бурданд. Дар натиҷа, ҷойи саввум насиби варзишгарони "Рахш-такси" гардид, онҳо бо ҳисоби 5:3 ғолиб омаданд.
Дар мусобиқа ҷамъан 12 тим иштирок кард. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот бозиҳо аз рӯи низоми олимпӣ бо афшондан сурат гирифт.
Бозингарони беҳтарин инҳо дониста шуданд:
Умед Мӯъминзода аз дастаи ғолиб беҳтарин дарвозабон;
Ибодулло Назиров аз тими "Ориёнбонк" беҳтарин ҳамлагар дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан тими миллии Тоҷикистон бо касби 7 имтиёз дар мусобиқаи CAFA Futsal Cup 2023 мақоми 4-умро касб карда буд.
Мусобиқаҳо як марҳилаи муҳими омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 7-ум то 11-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, гардиданд.