ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Тоҷикистон нисфи тиҷорати хориҷии худро бо рубл анҷом медиҳад.
Дар ин бора Бахтиёр Баҳриддинов, сардори Раёсати омор ва тавозуни пардохти Бонки миллии ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Вай ҳамчунин ба афзоиши муомилоти мол дар Тоҷикистон бо пули миллӣ ишора кард.
"Дар шаш моҳи соли 2023 47%-и муомилоти тиҷорати хориҷӣ бо рубли русӣ пардохта шудааст",- афзуд Баҳриддинов.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, саҳми сомонӣ дар тиҷорати хориҷӣ 47%- ро ташкил медиҳад/
Қаблан Ашӯрбой Солеҳзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфта буд, ки Русия шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.
Дар шаш моҳи соли 2023 гардиши мол миёни ду кишвар 24,8%-ро ташкил додааст.
Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 6 моҳ 3,4 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8% ё 98,2 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бо рублу сомонӣ бо Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Чин, Абхозистон ва дигар кишварҳо тиҷорат мекунад.