ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар доираи сафари гурӯҳи корӣ дар бозори “Южные ворота” вохӯрии ҳайат таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора бо соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва тоҷикони муқими Русия баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ба вазъи кунунии соҳаи муҳоҷирати кишвари иқомат, тадбирҳои анҷомдодаи намояндагиҳо ва корҳои банақшагирифташуда барои фаъолияти минбаъда маълумоти муфассал пешниҳод шуд.
Тибқи иттилои манбаъ дар ин ҷаласа қайд карда шуд, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷӯҳи мақомоти кишвар қарор дорад ва барои ба танзим даровардани он, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҷораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи супориши Ҳукумати кишвар гурӯҳҳои корӣ бо мақсади шиносоӣ аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик Русия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни онҳо аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шудаанд.
Дар ин асос, 5 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Навосибирск сафарбар ггардиданд.
Қайд карда шудааст, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ дар қаламрави Русия идома дошта, силсилавохӯриҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Ҳамчунин, дар рафти ҷаласаи ахир ба шаҳрвандонамон вобаста ба тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор роҳнамоӣ намуданд.