ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Беш аз 60 мудирони макотиби Суғд аз аттестатсия баҳои ноком гирифта, аз вазифаҳояшон барканор шудаанд
Дар ин бора зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар Раёсати маорифи Суғд иттилоъ доданд.
Мадина Набизода, сардори Идораи маорифи Суғд дар посух ба суоли рӯзноманигорон шарҳ дод, ки чи гуна директорони макотиб аз аттестатсия ноком шуданд.
“Онҳо зимни пурсишҳои Комиссияи аттестатсионӣ худашонро гум карда, ҳатто ба оддитарин саволҳо ҷавоб дода натавонистанд” – гуфт, сардори Раёсати маориф.
Ба ин тартиб, бар асоси хулосаи Комиссияи аттестатсионии назди вазорати маориф ва илм 61 директори мактаб аз вазифа барканор гардиданд.
Набизода таъкид намуд, ки аз барканоршавии ин теъдод директорон муассисаҳои таълимӣ “бе соҳиб” нестанд, балки вазифаи директорро дигарон иҷро кардаи стодаанд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, ҳоло марҳилаи таъйин ва ҷобаҷогузории вазифаҳо дар макотиби Суғд ҷараён дошта қарор аст то оғози соли нави хониш директорони нав таъйин карда хоҳанд шуд.
“Ин ҳам эҳтимол дорад, ки баъзе директорони нав аз ҳисоби худи ҳамин иҷрокунандаҳои вазифа таъйин шаванд” – қайд намуд, ӯ.
Тайъйини директори мактаб бо фармони сардори идораи маориф ва дар мувофиқа бо ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад.
Бар пояи маълумоти расмӣ ҳоло дар вилояти Суғд 946 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 571 729 нафар ба таълим фаро гирифта шудаанд.